Душанбе. 20-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти раҳбарии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба ифтихори ҷашни таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи 23-уми феврал таҷлил мегардад, дар назди пояи лавҳаи ёдгории сарбозони номаълуми фавтида дар ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гулчанбар мегузорад.
Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, лавҳаи ёдгории мазкур барои 28 нафар сарбози номаълуми фавтида дар ҷанги шаҳрвандӣ дар канори шаҳри Душанбе, наздикии боғи Ғалаба воқеъ аст. «Ғайр аз ин, дар пояи лавҳаи ёдгории боғи Ғалаба низ маросими гулчанбаргузорӣ доир хоҳад гашт», – гуфт ӯ.
Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 23-уми феврал дар ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ чорабиниҳои идона баргузор гашта, ба сарбозону афсарони муваффақ дар хизмат унвону тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим хоҳанд гашт.
Ф.Маҳмадалиев мегӯяд, чорабиниҳои асосӣ дар Кохи Борабди пойтахт баргузор шуда, дар он маҷлиси тантанавӣ ва консерти идона доир мегардад. «Ба ин муносибат гузашти низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ба нақша гирифта нашудааст», – афзуд ӯ.


