Имрӯз бори нахуст дар саросари дунё Рӯзи умумиҷаҳонии адолати иҷтимоӣ ҷашн гирифта мешавад

Date:



           

Душанбе. 20-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар сросари дунё бори нахуст Рӯзи умумиҷаҳонии адолати иҷтимоӣ ҷашн гирифта мешавад.





           

Бо ташаббуси давлати Қирғизистон Маҷмааи кулли СММ аз 18-уми декабри соли 2007 санаи 20-уми февралро Рӯзи умумиҷаҳонии адолати иҷтимоӣ эълом дошт ва ин сана шурӯъ аз соли ҷорӣ дар саросари ҷаҳон ҳамасола таҷлил хоҳад гардид.




           

Дар санади аз ҷониби СММ тасвибгардида таъкид мегардад, ки рушди иқтисодӣ, субботу амният ва риояи ҳуқуқи инсон омили зарурии таъмини рушди иҷтимоӣ ва адолати иҷтимоӣ дар ҷаҳон мебошанд. Дар ҳуҷҷат ҳамчунин зикр шудааст, ки дар ҷаҳон то ҳанӯз бегонагӣ ва нобаробарӣ миёни кишварҳову гурӯҳҳои иҷтимоӣ бо сатҳи гуногуни зиндагӣ ба мушоҳида мерасад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related