Душанбе. 20-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти шаҳрдории пойтахти ҷумҳурӣ бо мақсади сабуктар гардонидани таъсири бӯҳрони молӣ ва рушди соҳибкорӣ қарор кард, 14-уми марти соли ҷорӣ ҷаласаи махсуси Маркази ҳамоҳангсозии масоили иқтисодиву иҷтимоиро доир созад.
Тавре сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласа иштироки намояндагони субъектҳои хоҷагидорӣ новобаста аз шакли моликият ва васоити ахбори умум пешбинӣ мегардад. «Мақомоти шаҳрдории кишвар ният дорад дар фазои кушоду шафффоф ҳамроҳи намояндагони вазорату идораҳои дахлдор мушкилоти мавҷудаи рушди соҳибкории хурду миёнаро мавриди баррасӣ қарор диҳад», – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Ш.Саидов, соҳибкорони пойтахт метавонанд дар баргузории ин чорабинӣ саҳм бигиранд. «Шахсоне, ки хостори огаҳ гаштан бо рӯзнома ва масоили тадорукоти ҷаласа мебошанд, метавонанд ба раёсати шаҳрии рушди иқтисод ва фаъолияти зиддинҳисорӣ ва маркази рушду дастгирии соҳибкории шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд», – афзуд Ш.Саидов.


