Душанбе. 21-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар сиёсати кадрӣ аз усули «маҳалгароӣ» даст мекашад.
Дар сӯҳбати ихисосӣ бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси ҳизб Давлаталӣ Давлатзода изҳор дошт, ки чанд рӯз қабл мақомоти раҳбарии ҳизб тасмим гирифтааст, фаъолияти номзадони ҳизб ҳам дар парлумони кишвар ва ҳам дар маҷлисҳои маҳаллиро мавриди муҳокима қарор диҳад. «То интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ як соли дигар боқӣ монд, аз ин рӯ, моро зарур аст, фаъолони ҳизбро, ки дар оянда бо онҳо кор хоҳем кард, муайян созем», – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Д.Давлатзода, дар ҳизб консепсияи нав таҳия гардидааст, ки тибқи он, аз ин ба баъд кадрҳо танҳо аз рӯи усули салоҳиятнокӣ ва касбият интихоб хоҳанд гардид. «Вақти он расидааст, ки ба воқеияти нави замона омода гардем ва масъалаи ҷобаҷогузории дурусту саҳеҳи кадрҳо аз ҳарвақта дида имрӯз муҳимтар аст», – афзуд муовини раиси ҲХДТ.


