Душанбе. 23-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба маблағи 9 млн. $ 10 вагони истеҳсоли Русия дастрас кард.
Тавре муовини сардори хадамоти таъминоти моддиву техникии корхона Зикриё Маликов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аз нисф зиёди техникаи дасртасгардида пагоҳ вориди ҷумҳурӣ мешавад. «Вагонҳо дар ҶСК корпоратсияи илмӣ-техникии «Уралвагонзавод»-и ба номи Дзержинский оид ба истеҳсоли вагонҳо сохта шудаанд», – гуфт ӯ.
Ба қавли З.Маликов, ояндаи наздик КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» вагонҳои корхонаи дигари истеҳсоли вагонҳои Русия – ҶСК «Олтойвагон»-ро низ харидорӣ менамояд. «Соли равон корхона ният дорад, дар маҷмӯъ ҳудуди 100 вагони нав дастрас созад», – афзуд ӯ.


