Барқи тоҷик: Масъалаи дар Тоҷикистон барҳам додани реҷабандии истифодаи барқ ҳанӯз маълум нест

Душанбе. 25-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Масъалаи дар Тоҷикистон барҳам додани реҷабандии истифодаи барқ ҳанӯз маълум нест. Тавре сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, реҷабандии истифодаи барқро метавон танҳо дар сурати ба кишвар ворид гаштани барқ аз кишварҳои ҳамсоя ва афзоиши ҳаҷми ҷоришавии об ба обанбори нерӯгоҳи […]

Виктория Наумова


Душанбе. 25-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Масъалаи дар Тоҷикистон барҳам додани реҷабандии истифодаи барқ ҳанӯз маълум нест.




Тавре сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, реҷабандии истифодаи барқро метавон танҳо дар сурати ба кишвар ворид гаштани барқ аз кишварҳои ҳамсоя ва афзоиши ҳаҷми ҷоришавии об ба обанбори нерӯгоҳи Норак барҳам дод. «Феълан ба ҷумҳурӣ аз кишварҳои ҳамсоя нерӯи барқ ворид намегардад ва мо

 

танҳо бо имконоту захираҳои худ фаъолият дорем», – гуфт ӯ.



Н.Ёдгорӣ мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ беш аз 24 млн. кВт/соат нерӯи барқ тавлид гаштааст ва ҳатто агар рӯзҳои наздик масъалаи воридоти барқ ба кишвар аз давлатҳои ҳамсоя роҳи ҳалли худро пайдо намояд ҳам, реҷабандии барқ комилан бекор нахоҳад шуд ва танҳо соати истифодаи он тадриҷан афзуда хоҳад шуд.



Дар мавриди шарҳи вазъ дар обанбори нерӯгоҳи Норак, номбурда гуфт, айни замон сатҳи об дар обанбор ба


858,6 метр

баробар буда, то сатҳи ниҳоии иҷозаи истифодаи об каме бештар аз

1,5 метр

боқӣ мондаст.



Ба гуфтаи Н.Ёдгорӣ, ду рӯзи ахир ҳаҷми ҷоришавии об ба обанбор 160-165 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад ва ин дар ҳолест, ки ҷиҳати фаъолияти мӯътадили нерӯгоҳ ҷоришавии ҳудуди 500 метри мукааби об дар як сония зарур аст. «Мо умедворем, ки бо гарм шудани обуҳаво ҳаҷми ҷоришавии об ба обанбор зиёдтар мегардад», – афзуд сухангӯи ширкат.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.