Қочоқбарони афғон дар макони задухӯрди мусаллаҳона беш аз 60 кило маводи мухаддирро боқӣ гузоштанд



           




  

Душанбе. 2-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Қочоқбарони афғон дар макони задухӯрди мусаллаҳона, ки шаби 28-уми феврал дар ноҳияи наздисарҳадии Шӯрообод ба вуқӯъ пайваст, беш аз 60 кило маводи мухаддирро боқӣ гузоштанд.





           

Тавре сардори маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Саъдулло Раҳматуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, миқдори бештари маводи мухаддирро афюн ташкил медиҳад.




           

Ёдрас мекунем, ки бар асари задухӯрди мусаллаҳона ду корманди агентии мазкур ба ҳалокат расида, се нафар марзбонони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ҷароҳат бардошта буданд. Задухӯрд дар наздикии деҳаи Сари Мазор рух дода, гурӯҳи қочоқбарони афғон тақрибан аз 30 нафар иборат будааст.


spot_imgspot_img

Популярное