Душанбе. 2-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ Тоҷикистон аз рӯи афзоиши қурби доллари амрикоӣ нисбат ба асъори миллӣ миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ дар мақоми 7-ум қарор гирифт ва нишондиҳандаи мазкур дар ҷумҳурӣ 8,3 дарсадро (аз 3,4519 то 3,7385 сомонӣ) ташкил дод. Дар ин бора БелаПАН хабар медиҳад.
Тибқи маъдумоти манбаъ, суръати аз ҳама бештари афзоиши қурби доллар дар зарфи ду моҳ дар Белорус ба қайд гирифта шудааст, ки он ба 29,91 дарсад баробар аст.
Дар кишварҳои дигари пасошӯравӣ ин нишондиҳанда ба таври зайл аст: Қазоқистон – 24,56; Русия – 21,58; Латвия – 11,72; Эстония – 11,24; Литва – 10,78; Қирғизистон – 4,42; Молдова – 2,52; Ӯзбекистон – 1,11; Гурҷистон – 1,02 ва Озарбойҷон – 0,52 дарсад.
Дар Туркманистону Украина қурби доллар дар ин давра тағйир наёфт. Дар Арманистон қурби доллари ИМА нисбат ба асъори миллӣ ба андозаи 0,29 дарсад поин рафт.



