Душанбе. 2-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ тафтишоти парвандаи ҷиноии кормандони дастаи таъиноти махсуси милисаро, ки ба ғорати казинои «Помир» гумонбар дониста мешаванд, идома медиҳад.
Тавре аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷараёни тафтишот ошкор гардид, ки Хуршед Исломов дар ҳамдастӣ бо дигар аъзои гурӯхи муташакккили ҷинояткорӣ дар ноҳияи Варзоб ду нафар шаҳрванди Русияро гӯё ба ҷурми иштирок дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гунаҳкор дониста, онҳоро ба гаравгон мегиранд ва сипас дар муддати як моҳ онҳоро дар асорат нигоҳ дошта, аз хешовандонашон маблағ талаб менамоянд, вале танҳо соати тилло ва автомашинаи гаравгононро рабуда, шаҳрвандони Русияро раҳо месозанд.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл, дар Тоҷикистон аз фаъолияти гурӯҳи муташаккили ҷинояткор, ки ба ҳайати он кормандони дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН) ва нерӯҳои марзбонии кишвар шомил буданд, ҷилавгирӣ карда шуд. Кормандони милиса се нафар аъзои фаъоли гурӯҳ – муовини сардори дастаи таъиноти махсуси милисаи Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ – Равшан Ҳомидов, сардори шӯъбаи навбатдории ин гурӯҳ Тоҳир Раҳимов ва шаҳрванди бекор Хуршед Исломовро дастгир намуданд. Ба роҳбари гурӯҳ – корманди Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Таваккалхӯҷа Низомов муяссар шуд, ки пинҳон гардад ва айни замон ӯ мавриди пайгарди қонунӣ эълом шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳамаи онҳо ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин дар қаламрави ҷумҳурӣ ва ҳодисаи чанде қабл ғорат намудани казинои «Помир» дар ҷамоати Оққӯрғони ноҳияи Рӯдакӣ гумонбар дониста мешаванд. Шаби 15-уми феврал гурӯҳи афроди мусаллаҳи ниқобпӯш ба казино ворид гардида, бо таҳдиду зӯроварӣ аз силоҳи оташфишон бошандагони казино, кормандон ва посбонони онро рӯи фарш мехобонанд ва сипас аз ҳозирин телефонҳои мобилӣ ва калидҳои мошинҳояшонро кашида гирифта, сейфи нигаҳдории пулро, ки дар дохили он ҳудуди 40 ҳазор доллари ИМА мавҷуд буд, бо худ мебаранд. Онҳо ҳамчунин таҷҳизоти наворбардории видеоии казино ва протсесори компутарро низ бо худ мегиранд. Пас аз он ба мошини навъи «Lexus-350» нишаста оромона аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Мошин субҳи рӯзи дигар дар канори маҳаллаи Калинини пойтахт ёфт шуд.
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар ин назаранд, ки ҷинояти мазкур дақиқан омода гардидааст. Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.



