Пас аз таваққуфи зиёд парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Қӯрғонтеппа-Душанбе-Хуҷанд оғоз мегардад


Душанбе. 2-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Шурӯъ аз пагоҳ пас аз таваққуфи зиёд парвози ҳавопаймоҳо тавассути хатсайри Қӯрғонтеппа-Душанбе-Хуҷанд аз нав барқарор мешавад.




Тавре сухангӯи ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Назира Давлатова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, парвоз тавассути ин хатсайр бо ҳавопаймои навъи Як-40 дар як ҳафта ду маротиба – рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа ба иҷро расонида мешавад. «Ҳавопаймои навъи мазкур барои 36 нафар мусофир пешбинӣ гардида, вақти парвоз ҳудуди 1,5 соатро ташкил медиҳад», – гуфт ӯ.



Ёдрас мекунем, ки ояндаи наздик ҳамчунин хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбеву Рига низ ифтитоҳ мегардад.


spot_imgspot_img

Популярное