Бар асари резиши тарма ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд қатъ гардид


Душанбе. 4-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Бар асари резиши тарма дар килмометрҳои 69, 71, 73 в 74-уми роҳ ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд қатъ гардид.




Тавре аз Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дирӯз бинобар идома ёфтани боридани барф ва хавфи бори дигар фаромадани тарма огози баргузории корҳои тозакунии роҳ ғайриимкон буд.



Бино ба иттилои манбаъ, моҳи равон дар манотиқи кӯҳистон эҳтимоли резиши тарма дар як қатор мавзеъҳо вуҷуд дорад. «Аз ин рӯ, аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, бидуни зарурат аз ҳаракат тавассути роҳҳо дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ намоянд», – афзуд манбаъ.


spot_imgspot_img

Популярное