Душанбе. 4-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз соати 19-у 22 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларзаи навбатӣ рух дод.
Тавре аз маркази обуҳавосанҷии Душанбе ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, маркази заминларза дар 220 километрии шимолу шарқии шаҳри Душанбе дар водии Рашт ҷойгир буд.
Бино ба иттилои манбаъ, шиддати заминларза дар марказ 4 балл ва дар шаҳраки Ҳоит, ки аз маркази заминларза дар масофаи
48 километр
воқеъ аст, 3 баллро ташкил додааст. «Дар шаҳри Душанбе шиддати он ба 2 балл баробар буд», – афзуд манбаъ.
Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании
ҷ
умҳур
ӣ
хабар доданд, ки алҳол оид ба хисороту осебдидагон маълумоте дар даст надоранд. Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс», дар ноҳияи Ванҷ бар асари заминларза чанде аз манзили истиқоматӣ хисорот бардошта, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.



