Душанбе. 4-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – То имрӯз кишоварзони ҷумҳурӣ дар гармхонаҳо беш аз 40 тонна бодиринг ва 27 тонна помидор парвариш карданд.
Тавре аз раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, қисми зиёди сабзавоти номбурда – 26 тонна дар гармхонаҳои вилояти Суғд парвариш гардидааст. «Дар гармхонаҳои вилояти Хатлон то имрӯз 7,5 тонна помидор ва 19 тонна бодиринг тайёр карда шуд», – гуфт манбаъ.
Ба иттилои сарчашма, дар гармхонаҳои ноҳияҳои тобеи марказ, ки аслан бозорҳои пойтахтро бо ин навъи сабзавоти тару тоза таъмин месозанд, дар маҷмӯъ 12,5 тонна помидору бодиринг парвариш гардидааст. Зикр гардид, ки парвариши сабзавот дар гармхонаҳои ҷумҳурӣ нисбат ба соли гузашта зиёдтар гардидааст.



