Душанбе. 10-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳайати Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия аз 10 то 12-уми март аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард.
Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳайати Русия бо мақсади гуфтушунид оид ба амалисозии лоиҳаҳои байниҳукуматӣ дар соҳаи муҳоҷират ва роҳандозии фаъолияти пурсамари муштарак ба ҷумҳурӣ ташриф меорад.
Ба иттилои манбаъ, дар чаҳорчӯбаи сафар баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи « Фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ дар ҶТ ва сафарбарсозии муташаккили муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Русия» дар назар буда, оид ба масоили таъмини муҳоҷирони тоҷик бо ҷойи кор дар манотиқи Русия гуфтушунид сурат хоҳад гирифт.
Интизор меравад, дар ҷараёни боздид ҳайати хадамоти муҳоҷирати Русия аз омӯзишгоҳҳои касбиву техникӣ, ки барои муҳоҷирати корӣ дар Русия мутахассис тайёр мекунанд, боздид намуда, бо фаъолияти онҳо аз наздик ошно хоҳад гашт.



