Душанбе. 11-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Роҳбари ширкати «Нур», соҳибкори тоҷик Нурулло Усмонов аз ҳамоиши соҳибкорони маъруфи бахши тиҷорат, илм ва фарҳанги Оксфорд дар Бритониёи Кабир бо ҷоизаву унвонҳо баргашт.
Тавре роҳабри медиа-холдиниги «
Tajinfo
» Муҳаммад Эгамзодба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аз 7 то 10-уми март дар мақомоти шаҳрдории Оксофрд маросими супурдани унвону ҷоизаҳои байнулмилалии соҳибкорон «Awards of Europe» баргузор гардида, соҳибкори тоҷик ба медал ва дипломи Малика Виктория сазовор дониста шуд.
«Унвони мазкур таҷассумгари эътирофи байнулмилалии хизматҳои шоиставу арзандаи соҳибкори тоҷик ва саҳми арзандаи ӯ дар дастгирии арзишҳои анъанавии умуиинсонӣ мебошад», – афзуд манбаъ.


