Душанбе. 12-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон бо ибтикори ширкатҳои бузурги Тоҷикистону кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ иттиҳодияи нави «Палатаи тиҷоратии амрикоӣ» ба фаъолият шурӯъ кард.
Фаъолияти иттиҳодия ба дастгирии корхонаву ширкатҳои тиҷоратӣ нигаронида шудааст. Иттҳодияи мазкур дар таърихи 11-уми ноябри соли 2008 ба қайд гирифта шуда, қисмате аз шабакаи глобалии Палатаи савдои ИМА мебошад, ки дар беш аз 100 кишвари дунё намояндагӣ дорад.
Дар Тоҷикистон иттиҳодия бо иштироки ширкатҳои бузурги ватаниву хориҷӣ, аз қабили ҶСК «Ориёнбонк», ширкати
«Tethys Tajikistan Limited», ҶСК «Сомон-Капитал», «Hyatt Regency Dushanbe», ширкати амрикоии «Комсап Коммодитис», «Айтен Групп Консалтинг», ТАЛКО ва корпоратсияи «Прагма» таъсис ёфта, дар ташкили он Бунёди Авруосиёи Осиёи Марказӣ, Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва Агентии ИМА оид ба ҳамкории байнулмилалӣ кӯмак расониданд.
Мудири кулли ширкати «Tethys Tajikistan Limited»Нназир Шарипов итттиҳодияро роҳбарӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, ҳадаф аз таъсиси иттиҳодия фароҳам сохтани шароити мусоид баҳри рушди тиҷорат ва ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ аст.


