Душанбе. 12-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон панҷ рӯзноманигори тоҷик ба ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ сазовор дониста шуданд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба рӯзи матбуоти тоҷик, ки дирӯз дар бинои Филармонияи давлатӣ баргузор гашт, барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар васоити ахбори умум сардабири ҳафтаномаи «Омӯзгор» – Маҳмадшариф Бобошоев, директори Радиои тоҷик Абдуқодири Абдуқаҳҳор, муҳаррири баномаҳои фароғатии радиои «Ватан» – Субҳони Ҷалил ва барои анҷоми корҳои таҳқиқотӣ дар соҳаи ВАО муаллифи китоби «Таърихи журналистикаи тоҷик» профессор Иброҳим Усмонов ва омӯзгори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Давлат Давронов ба ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Ғайр аз ин, 55 нафар рӯзноманигор бо нишонии сарисинагии «Аълочии матбуот» ва 23 рӯзноманигор бо нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанг» қадрдонӣ гардиданд.
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор рӯзноманигоронро бо ифтихорномҳо сарфароз гардонида, якчанд медиа-созмонҳо, аз ҷумла шабакаи мустақили телевизиони «СМТ» ва ОИ «Азия-Плюс» соҳиби ифтихорномаҳои Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ гаштанд.


