Соли равон дар ҷумҳурӣ 110-солагии Шириншо Шотемур дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифта мешавад

Date:


Хоруғ. 12-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон дар ҷумҳурӣ 110-солагии Шириншо Шотемур дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.




Тавре мудири шӯъбаи иҷтимоиву фарҳангии дастгоҳи раиси ВМКБ Нарзулло Хайруллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, чанде қабл ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Ширншо Шотемур» қарор қабул кард.



Ба гуфтаи ӯ, тибқи қарори мазкур, кумитаи тадорукоти ҷашн ӯҳдадор гардидааст, ки аз моҳи июл то октябри соли ҷорӣ нашри мавод дар бораи Шириншо Шотемур ва паҳну таблиғи он дар ВАО-ро таъмин сохта, тамоми маводи эҷодгардида перомуни фаъолият ва ҳаёти қаҳрамонро дар як маҷмӯа ҷамъоварӣ созад.



Н.Хайруллоев мегӯяд, инчунин бунёди муҷассамаи Ширншо Щотемур дар боғи шаҳри Хоруғ, таҷдиди осорхонаи ӯ дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнон ва наворбардории филми мустанад дар бораи ҳаёту фаъоли ӯ низ дар назар аст. Ғайр аз ин нашри китоби К.Аламшоев «Дар куҷое набошам, бо Тоҷикистон будан мехоҳам» бо забонҳои тоҷикиву русӣ, ки ба ҳаёту корномаи Ш.Шотемур бахшида шудааст, ба нақша гирифта шудааст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...