Душанбе. 14-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 12-13-уми март дар майдони сохтмони нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун таҳти сарварии нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ва муовини аввали ӯ Асадулло Ғуломов ҷаласаи ситоди сохтмони иншоот баргузор гашта, дар он ҷараёни сохтмони нерӯгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре аз ШСХК «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, иштирокдорони ҷаласа атрофи маҷмӯи масоили мавҷудаи марбут ба рафти сохтмон табодули афкор намуданд. «Масъалаи маблағгузории сохтмон ва ҷараёни бунёди иншооти асосӣ мавриди таваҷҷӯҳи хосса қарор грифитанд», – гуфт манбаъ.
Ёдовар мешавем, тибқи нақша, бунёди сарбанди нерӯгоҳи Роғун ахири соли ҷорӣ шурӯъ гардида, мавриди истифода қарор гирифтани ду агрегати он пас аз се-чаҳор сол пешбинӣ шудааст.


