Душанбе. 14-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар вохӯрии муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Нуралиев бо гурӯҳи Бонки рушди Осиё таҳти роҳбарии Сонна Шрест масоили ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре аз котиботи вазорати молияи кишвар ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар меҳвари мулоқот баррасии ҷанбаҳои Барномаи ҷудокунии бурс барои дастгирии буҷаи кишвар ва масоили марбут ба Барномаи пешниҳодшудаи рафъи оқибатҳои бӯҳрони молӣ ва баргузории ислоҳот қарор доштанд.
Аз намояндагии БРО итттилоъ доданд, ки
боздиди Сонна Шрест аз Тоҷикистон то 25-уми март идома ёфта, ӯ бо як қатор роҳбарони мақомоти расмии ҷумҳурӣ ҷиҳати барррасии масоили иқтисодӣ дидору гуфтушунид анҷом хоҳад дод.


