Дар Душанбе феҳристи электронии 500 дастхати қадима муаррифӣ мегардад

Date:



           

Душанбе. 16-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе рӯзи сешанбе, 17-уми март феҳристи электронии 500 дастхати қадима бо забони форсӣ-тоҷикӣ (алифбои форсӣ), русӣ ва англисӣ

 

муаррифӣ мегардад.





           

Тавре аз Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чорабинии мазкур дар ҳамдастӣ бо Донишкадаи шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи улуми ҶТ созмон дода шудааст.




           

Ба гуфтаи манбаъ, муаррифиномаи феҳристи мазкур кӯшиши аввалинест баҳри шиносоии оммаи васеъи хонандагону пажӯҳишгарон бо осори хатти қадима аз марказҳои нигаҳдории осори хаттии ҷумҳурӣ – Донишкадаи шарқшиносии ба номи А.Мирзоев (380 дастхат) ва Китобхонаи миллии ба номи Фирдавӣ (120 дастхат) мебошад, ки фарогири масоили гунонугунҷабҳаанд. «Дар феҳристи электронӣ номгӯи китоб, муаллифи он, санаи тартиб додани дастхат, мавзӯъ ва мундариҷаи он, таърих ва макони дарёфт, шумори

 

саҳфаҳо ва ғайра дарҷ ёфтааст», – гуфт манбаъ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...