Хуҷанд. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Суғд ҳаҷми пешниҳоди қарз ба корхонаҳои хусусӣ ва аҳолӣ аз ҷониби бонкҳо коҳиш ёфт.
Чӣ тавре ки аз шӯъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар зарфи ду моҳи соли ҷорӣ бонкҳо ба маблағи умумии 88 млн. сомонӣ қарз ҷудо кардаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 20 дарсад камтар аст.
Бино ба иттилои манбаъ, чанде аз муассисаҳои қарздиҳии молиявӣ, ки ҷиҳати пешниҳоди қарз мунтазам талабот доранд, фоизи қарзҳоро тағйир медиҳанд ва дар баъзе аз муассисаҳо он ба 36 фоизи солона баробар шудааст.
Зикр гардид, ки дар ин давра тамоили афзоиши пешниҳоди қарзҳо ба асъори миллӣ ба мушоҳида расида, ҳаҷми тахсиси қарз бо асъори хориҷӣ (асосан доллари амрикоӣ) коҳиш ёфтааст.


