Душанбе. 30-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон дар рейтинги глобалии рушди технологияи иттилоотӣ миёни 134 кишвар мақоми 104-умро ишғол мекунад. Дар ин хусус дар гузориши ҳамасолаи
The
Global
Information
Technology
Report
маълумот дода мешавад.
Гуфта мешавад, зимни таҳқиқоти сатҳи рушди технологияи иттилоотӣ дар давлатҳо, мизони ҷоришавӣ ва истифодаи ин технологияҳо дар сохтори давлатӣ ва тиҷорат, рушди зерсохтори шабакавӣ, омодагии кишвар ба қабули технологияҳо ва сифату шумораи хизматгузориҳо бо технологияи иттилоотӣ ба эътибор гирифта шудаанд.
Ҷои аввалу дуввум чун соли гузашта насиби Данияву Шветсия гардида, ИМА мақоми саввумро касб кард. Русия дар зинаи 74, Қирғизистон – 115 ва Қазоқистон дар мақоми 73-ум ҷойгир шудаанд.


