Тадбирҳои маҳдуд кардани воридоти маҳсулоти хориҷӣ ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард, – назари коршинос

Date:


Душанбе. 6-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Сармутахассиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Фирӯз Саидов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи чораҳои ҳифзи манфиатҳои иқтисодии ҶТ дар мавриди савдои хориҷии мол», ки чанде қабл аз ҷониби МН МО ҶТ қабул гардид, ба афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард. «Ман чунин мешуморам, ки қабули қонуни мазкур саривақтист, зеро дар давраи бӯҳрон ҳукуматдорон бояд баҳри ҳимояи манфиатҳои иқтисодии давлат ва коҳиши шумори бекорон члораҳои муассир пеш гиранд», – гуфт ӯ.




Коршинос мегӯяд, вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, сохтори маҳсулоти воридотӣ ба ҷумҳуриро мавриди таҳлили дақиқ қарор диҳанд ва мушаххас созанд, ки оё қолинҳои истеҳсоли ватанӣ ба қолинҳои хориҷӣ рақобатпазир буда метавонанд ё на.



Тибқи пешгӯии Ф.Саидов, дар сурати истифодаи дурусти муқаррароти қонуни номбурда, ҳудуди 20-30 дарсади бекорон дар дохили кишвар бо ҷойи корӣ таъмин карда мешаванд. «Муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии моро танбал сохтааст, зеро бо сарфи қувва ва маблағи камтаре онҳо дар хориҷи кишвар маблағи зиёд кор мекунанд ва аз ин рӯ, ҳазорҳо гектар замин дар Тоҷикистон бекор мехобанд», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи мутахассис, ба кори пурмаҳсули фермерони маҳаллӣ бюрократия ва мавҷуд будани корррупсия низ монеъа эҷод месозад. «Бинобар он, ба Тоҷикистон тарбуз аз Ӯзбекистон, картошка аз Покистон, сир аз Чин ва пиёз аз Русия ворид мегардад», – гуфт вай ва афзуд, ки ҷиҳати дастгирии фаъолияти фермерон ҳукуматро лозим аст, дар савдои маҳсулоти кишоварзӣ миёнаравонро аз байн бардорад, зеро дар сурати аз ҷониби худи деҳқон фурӯхтани маҳсулоташ, даромадаш ҳам бештар мешавад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...