Имрӯз дар Остона рӯзи гиромидошти хотираи сарбозони фавтидаи қазоқ ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон таҷлил мегар

Date:


Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Остона рӯзи гиромидошти хотираи сарбозони фавтидаи қазоқ ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон таҷлил мегардад. Маҳз ҳамин рӯз 14 сол қабл дар дараи Пшихарв дар муҳорибаи нобаробар 17 сарбози қазоқ ба ҳалокат расида буд.




Дар Тоҷикистон 23-юми декабри соли 2006 ба хотири гиромидошти сарбозони дар ин набард фавтида дар боғи «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе лавҳаи ёдгорӣ бо номи 17 нафар сарбоз гузошта шуд ва имрӯз дар шаҳри Остона маросими ифтитоҳи хиёбони Хоираи 17 сарбози қазоқ баргузор мешавад.



Қобили зикр аст, ки аз моҳи декабри соли 1992 то моҳи августи соли 1999 ҳудуди 2 ҳазор хизматчии низомии Вазорати умури дохилии Қазоқистон дар ҳайати нерӯҳои ИДМ қитъаи марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Қалаихумбро ҳимоят карда, 50 нафар ҷони худро аз даст доданд. Рӯзи 7-уми апрели соли 1995 дар муҳорибаи шадиде, ки бо муҷоҳидин дар дараи Пшихарв ба вуқӯъ пайваст, якбора 17 нафар сарбози қазоқ ба ҳалокат расида, 33 нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардошт.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...