Аҳзоби сиёсии Суғд дар робита ба қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии эътиқод ва иттиҳодияҳои динӣ» изҳори нигаронӣ карданд

Date:


Хуҷанд. 8-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Аҳзоби сиёсии вилояти Суғд дар робита ба қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии эътиқод ва иттиҳодияҳои динӣ» изҳори нигаронӣ карданд. Чанде қабл дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони Ҳизби Сотсиалистӣ, Сотсиал-Демократӣ, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва намояндагони ВАО роҷеъ ба ин масъала мизи мудавввар доир гардид.




Намояндаи ҲНИТ Мирзоқул Ҳоҷиматов изҳор дошт, бандҳои қонуни қабулгардида ба муқаррароти Сарқонуни ҶТ ва Эъломияи ҳуқуқи башар мухолифат доранд.



Моҳинисо Хорисова, роҳбари ТҒД «Иттиҳоди шаҳрвандӣ» ва аъзои Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон гуфт, қонуни мазкур метавонад ҷиҳати назорат ва дахолати ҳкуматдорон ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ истифода бурда шавад.



Раиси шӯъбаи ҲСДТ дар вилояти Суғд Дилбар Самадова дар робита ба масъалаи мазкур изҳор дошт, ки аҳзоби сиёсии вилоят ба ҳеҷ амале даст намезананд, зеро ҳангоми баррасии қонун ақидаҳои худро иброз намудан зарур буд, на баъди қабули қонун.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...