Бар асари бӯҳрони молӣ Вазорати фарҳанг аз баргузории 16 чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байнулмилалӣ даст мекашад

Date:



        

Душанбе. 21-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Бар асари бӯҳрони молӣ Вазорати фарҳанги ҶТ аз баргузории 16 чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байнулмилалӣ даст мекашад.





        

Вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ имрӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ба буҷаи кишвар вобаста аст ва бӯҳрони молӣ вазоратро водор сохт, ки аз баргузории як қатор чорабиниҳои бузург, аз ҷумла ҷашнвораҳои байнулмилалӣ, рӯзҳои фарҳнги кишварҳои дигар дар ҷумҳурӣ ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар хориҷи кишвар даст кашад.




        

Дар ҳамин ҳол, вазир таъкид сохт, ки маблағгузорӣ ба муассисаҳои фарҳангии кишвар аз ҷониби буҷа коҳиш наёфтааст, вале ҳаҷми маблағҳо барои харидани таҷҳизоти гуногун, нигаҳдориву таъмири нақлиёт ва сафарҳои хизматӣ ба хориҷи кишвар кам карда мешавад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related