Дар ағбаи Шаҳристон наҷотдиҳандагон ҷасадҳоро аз зери тарма пайдо карданд

Date:


Душанбе. 27-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон чанде қабл корҳои ҷустуҷӯи ҷасадҳои зери тармамонда дар ағбаи Шаҳристонро ба охир расонида, рӯзи 25-уми апрел ҷасади ронандаи КАМАЗ, сокини ноҳияи Восеъ Илҳом Абдуллоев ва 26-уми апрел ҷасадҳои сокинони ноҳияи Истаравшан Хуршед Сабуров ва Умед Ҷабборовро пайдо карданд.




Тавре аз маркази матбуоти КҲФ ва МГ ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, шаби 19 ба 20-уми апрел дар километри 190-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд тарма фаромада буд, ки бар асари он 9 мошин зери он монда буданд. Рӯзи 20-уми апрел наҷотдиҳандагон ҷасади сокини ноҳияи Панҷакентро дарёфт карда буданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...