Тоҷикистон масъалаи пардохти қарзи ширкати «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-1»-ро ҳаллу фасл намуд

Date:



           

Душанбе. 27-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Як қатор хабаргузориҳои Русия иттилоъ медиҳанд, ки Тоҷикистон масъалаи пардохти қарзи ширкати «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳи Сангтӯда-1-ро ҳаллу фасл намудааст. Ин изҳорот ҳангоми сафари ноиби сарвазири Русия Игор Сечин ба ҷумҳурӣ садо дод.




«Коммерсантъ» хабар медиҳад, ки пардохти қарз аз ҷониби Тоҷикистон, ки беш аз 10 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, имкон фароҳам месозад, то нимаи моҳи майи соли ҷорӣ агрегати охирини нерӯгоҳ мавриди истифода қарор гирад.



Гуфта мешавад, рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаригардида муовини аввали нахуствазири ҶТ дар ҳузури Игор Сечин гуфтааст, ки масъалаи пардохти қарзи ширкати «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳал шудааст. Аз ширкати «Интер РО ЕЭС» ба «Ъ» изҳор доштаанд, ки «ҷониби Тоҷикистон реҷаи пардохти қарзи мазкурро пешниҳод кардааст ва онҳо умедворанд, ки ин реҷа риоя хоҳад шуд».


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...