Ҳизби демократи Тоҷикистон барои рӯзноманигорон мукофотҳо таъсис дод

Date:


Душанбе. 28-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳизби демократи Тоҷикистон барои журналистони тоҷик мукофотҳои «Барои дифоъ аз манфиати миллӣ»-и ба номи Тоҳири Абдуҷаббор, «Барои ҷасорати журналистӣ»- ба номи Аслиддини Соҳибназар, «Барои журналистикаи муосир»-и ба номи Имомназари Холиқназар ва «Барои мавқеъи шаҳрвандӣ»-и ба номи Ҷумъабой Ниёзовро таъсис дод.




Тавре муовини раиси ҳизб Раҳматулло Валиев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, иқдоми мазкур баҳри воқеъбинона арзёбӣ кардани саҳми шахситяҳои мазкур дар роҳандозии равандҳои демократӣ дар кишвар ва абабдӣ гардонидани хотираи онҳо амалӣ мегардад. «Шартҳои озмун чунинанд, ки аъзои комиссия аз ҳисоби Шӯрои сиёсии ҳизб мустақилона ғолибонро муайян мекунад, яъне журналистонро зарур нест, ки маводи худро пешниҳод намоянд», – гуфт ӯ.



Номбурда аз ифшои ҳаҷми маблағи пулии мукофот худдорӣ карда гуфт, он дар маросоми супурдани мукофотҳо, ки 3-уми май – Рӯзи байнулмилалии озодии сухан баргузор мешавад, маълум хоҳад шуд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...