Дар семоҳаи аввал ҳаҷми маблағҳои сармоягузорӣ ба Тоҷикистон 85 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод

Date:



           

Душанбе. 28-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар семоҳаи аввал ҳаҷми маблағҳои сармоягузорӣ ба Тоҷикистон 85 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки тақрибан ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта баробар аст.





           

Дар нишасти хабарӣ раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди ҳукумати ҶТ Фаррух Ҳамралиев изҳор дошт, ки дар шароити бӯҳрони молӣ рақобатпазирӣ миёни кишварҳо барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисод шадид гардида, дар чунин вазъ зарур аст, ки ба сармоягузорони хориҷӣ имтиёзоти бештар дода шавад.




           

Ба гуфтаи Ф.Ҳамралиев, айни замон дар ҷумҳурӣ 56 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 6,4 млрд. сомонӣ (беш аз 1,6 млрд. $) амалӣ гардида, боз 100 лоиҳаи дигар барои пешниҳод ба сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ омода гардидааст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...