Дар Суғд баъди таваққуфи сесола корхонаи истеҳсоли шими ҷинси «Сано» дубора ба фаъолият шурӯъ кард

Date:



           

Хуҷанд. 27-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Хуҷанд баъди таваққуфи сесола корхонаи истеҳсоли шими ҷинси «Сано» дубора ба фаъолият шурӯъ кард.





           

Тавре сардори шӯъбаи истеҳсолоти корхона Далер Боев дар сӯҳбат ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ба туфайли фармоиши корхонаи «Швейпром»-и Русия муяссар шудааст, ки корхона аз нав ба фаъолият пардозад. «Тибқи ин фармоиш, корхона то ахири сол бо кор таъмин хоҳад буд», – гуфт ӯ.




           

Ба қавли Д.Боев, феълан дар корхона 50 нафар машғули кор буда, тадриҷан бо ба кор даровардани хатҳои дигари истеҳсолӣ шумори онҳо бештар хоҳад шуд. «То моҳи оянда боз 50 нафари дигар бо ҷойи корӣ таъмин карда мешаванд», – афзуд вай.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...