Дар Тоҷикистон мӯҳлати бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ аз 49 то 5 рӯз камтар карда шуд

Date:


Душанбе. 2-юми май. ОИ «Азия-Плюс» – Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ пас за баҳси тӯлонӣ лоиҳаи ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорни инфиродӣ»-ро маъқул шуморид. Зимни суханронӣ оид ба шарҳи тағйироту иловаҳо ба қонуни мазкур раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатов изҳор дошт, ки дар сурати маъқул шуморидани тағйирот дар ин қонун, мӯҳлати бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар Тоҷикистон аз 49 то 5 рӯз камтар карда мешавад.




Вакилони палатаи поёнии парулмони ҷумҳурӣ лоиҳаи тағйироту иловаҳоро тасдиқ карда, инчунин тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»-ро низ маъқул шумориданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...