Иштироки сарвари давлат дар чорабиниҳои бахшида ба Иди Ғалаба

Date:



           

Душанбе. 9-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Дар боғи Ғалабаи пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими тантанавии гулчанбаргузорӣ ба ифтихори солгарди 64 – уми ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 баргузор гардид.






Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар тантанаи ҷумҳуриявии 64-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба боғи

 

Ғалабаи пойтахт ташриф овард.



Ба муносибати

 

ин санаи фархунда дар ин ҷо шумораи зиёди собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарияти давлату ҳукумат, корпуси дипломатӣ ва аҳли ҷамоатчигии

 

пойтахт ҷамъ омада, ҷузъу томҳои низомии қушӯнҳои ҳарбии гарнизони Душанбе ба таври идона саф ороста буданд.



Баъди маросими истиқболу

 

пазироӣ митинги тантанавии бахшида ба рӯзи Ғалаба кушода эълон гардид.



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистонро бо солгарди 64-уми Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрику таҳният гуфт ва ба кулли онҳое,

 

ки

 

баҳри таъмини ғалабаи бузург дар майдонҳои муҳориба ва ҳам дар ақибгоҳ заҳмату фидокориҳои беназир нишон додаанд, арзи сипос намуд.



Сипас барои арҷгузорӣ ба хотираи қаҳрамонону фидоиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ маросими гулчанбаргузорӣ дар назди гулхани ҷовидонӣ оғоз гашт.



Нахуст Эмомалӣ Раҳмон таҳти мусиқии маросимӣ ба хотири гиромидошти қурбониёни

 

Ҷанги Бузурги Ватанӣ

 

дар назди гулхани абадӣ гулчанбар гузошта,

 

хотираи онҳоро пос дошт.



Гулчанбарҳо ҳамчунин аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, собиқадорони ҷангу меҳнат, аз номи сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, ҷавонони мамлакат, корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва

 

сафорату пойгоҳи низомии 201-уми

 

Федератсияи Россия дар Тоҷикистон гузошта шуданд.



Хотираи




неки




қурбониёни



 



Ҷанги




Бузурги




Ватании




солҳои


1941-1945


ҳамчунин




бо




дақиқаи




хомӯшӣ




пос




дошта




шуд


.



Дар охир Сарвари давлат бо собиқадорони ҷангу меҳнат ҳамчунин аз наздик сӯҳбат намуда, аз аҳволи рӯзгорашон пурсон шуд.



Собиқадорони ҷангу меҳнат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғамхориҳои беназир ва сиёсати бунёдкоронаву созандагиаш изҳори миннатдорӣ намуданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...