Ҳаҷми интиқоли маблағҳо ба минтақаи Кӯлоб тавассути «Тоҷпромбонк» 90 дарсад коҳиш ёфт

Date:



           

Кӯлоб. 14-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Аз оғози сол ба минтақаи Кӯлоб тавассути шӯъбаҳои «Тоҷпромбонк» 412 ҳазору 638 доллари ИМА, 6 млн. 344 ҳазору 665 рубли русӣ ва 3 ҳазору 700 Евро маблағи пулӣ ворид гардид.





           

Чӣ тавре ки мудири шӯъбаи «Тоҷпромбонк» дар минтақаи Кӯлоб Ёқубҷон Собуров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар зарфи чаҳор моҳ ҳаҷми умумии интиқоли маблағҳо ба андозаи 90 дарсад коҳиш ёфтааст.




           

Номбурда мегӯяд, ки натанҳо ҳаҷми маблағи воридгардида, балки интиқоли маблағ ба хориҷи кишвар низ коҳиш ёфтааст. «Мизоҷони асосии мо – афсарону сарбозони пойгоҳи низомии Русия дар зарфи чаҳор моҳи соли ҷорӣ ба наздикону хешовандони худ 1 млн. 257 ҳазору 628 ҳазор рубли русӣ маблағ фиристоданд, ки дар муқоиса бо давраи пеш аз бӯҳрони молӣ ба таври қобили мулоҳиза камтар аст», – афзуд ӯ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...