БРО ҷиҳати ҳалли масоили таъсири тағйири иқлим ба минтақа ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ 5 млн. $ маблағ ҷудо мекунад

Date:



           

Душанбе. 15-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Шӯрои мудирони Бонки рушди Осиё ҷудо кардани бурс дар ҳаҷми 5 млн. доллари ИМА-ро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ ҷиҳати ҳалли масоили тағйири иқлим ба минтақа маъқул шуморид.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии БРО дар Тоҷикистон хабар доданд, кӯмаки мазкур ба таҳияи сиёсати мутобиқгардонӣ ба тағйирёбии иқлим ва фароҳам сохтани имконоту дастгирии сармоягузорӣ ба он равона мегардад.




           

Коршиноси департаменти ҳифзи муҳити зисти БРО оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Марк Кунзер мегӯяд, ки тағйирёбии иқлими сайёра ба коҳиши ҳосилнокии маҳсулоти кишоврзӣ боис гардида, майдони пиряхҳо кам мешаванд ва умуман дар низоми экологии минтақа тағйирот ба вуқӯъ хоҳад пайваст. «Аз ин рӯ, баҳри пешгирии хавфи обхезӣ, тӯфон ва дигар офатҳои табиӣ ба минтақа сармоягузории таъҷилӣ зарур аст», – гуфт ӯ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...