Ҳукуматдорони Тоҷикистон нигаҳдории чорвои хонагӣ ва мурғро дар қаламрави шаҳри Душанбе манъ карданд

Date:


Душанбе. 18-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз намояндагони палатаи болоии парулмони ҷумҳурӣ Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мақоми пойтахт»-ро маъқул шумориданд, ки тибқи он, аз ин ба баъд нигаҳдории чорвои хонагӣ ва мурғ (ба ҷуз булбул, тӯтӣ, бедона ва ғ.) дар қаламрави шаҳри Душанбе манъ карда мешавад.




Аъзои ММ МО ҶТ Маҳкам Маҳмудов изҳор дошт, ки ибтикори мазкур ба ҷавобгӯ будани пойтахт ба талаботи санитарӣ ва эпидемиологӣ равона гардидааст. «Минбаъд ҷойи нигаҳдории чорво барои хариду фурӯш дар шаҳри Душанбе бо мақомоти иҷроияи маҳаллӣ мувофиқа карда мешавад», – гуфт ӯ.



Зимни суханронии худ раиси палатаи болоии парлумони кишвар, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдулллоев гуфт, пойтахти як кишваре ҷойи парвариши чорво буда наметавонад. «Тайи чанд соли ахир миқдори саршумори чорвои хонагии шаҳри Душанбе аз баъзе ноҳияҳои пешқадами кишоварзӣ зиёдтар шудааст», – афзуд раиси пойтахт.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...