Душанбе. 19-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Қарзи Тоҷикистон аз воридоти гази Ӯзбекистон ба 14 млн. $ расид.
Чӣ тавре ки муовини раиси КВД «Тоҷиктрансгаз» Шавкат Шоимов ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, бинобар зиёд будани миқдори қарз, феълан Ӯзбекистон дар як шабонарӯз ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми танҳо 380-400 ҳазор метри мукааб газ интиқол медиҳад ва ин дар ҳолест, ки тибқи созишномаи аввали сол ба имзорасида, ҳамарӯза бояд то 1 млн. 500 ҳазор метри мукааб газ интиқол дода шавад. «Тибқи созишнома, соли равон ба ҷумҳурӣ бо арзиши 240 $ барои ҳазор метри мукааб бояд ҳудуди 550 млн. метри мукааб газ ворид карда шавад», – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Ш.Шоимов, феълан аз истифодаи гази табиӣ дар назди КВД «Тоҷиктрансгаз» ШСХК «Барқи тоҷик» – 33 млн. сомонӣ (ҳудуди 7,8 млн. $), ҶСП «Сомонсуғдгаз» – 11,7 млн. сомонӣ, КВД «Тоҷиксемент» – 4,3 млн. сомонӣ ва КМ «Тоҷиказот» – 140 ҳазор сомонӣ қарздоранд.


