Вазорати молия баҳри таъмини хоҷагиҳои пахтакор бо воситаҳои қарзӣ дар мавсими имсола ба шаш бонки кишвар 103 млн. сомонӣ маблағ ҷудо кард

Date:


Душанбе. 19-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон баҳри таъмини хоҷагиҳои пахтакори кишвар бо воситаҳои қарзӣ, Вазорати молияи ҶТ бо шаш бонки кишвар ба маблағи умумии 165 млн. сомонӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расонид. Ёдовар мешавем, соли ҷорӣ ҳукумат барои бо қарз таъмин сохтани хоҷагиҳои пахтакор аз буҷа ихтисос додани 180 млн. сомониро пешбинӣ кардааст.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини вазири молияи ҶТ Ҷамолиддин Нуралиев иттилоъ дод, бо ин мақсад то имрӯз ба бонкҳо 103 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст. «Ҳамин тариқ, аз 50 млн. сомонии пешбинишуда ба «Ориёнбонк»– 40 млн.; аз 35 млн. сомонӣ ба «Амонатбонк» – 14 млн.; аз 10 млн. сомонӣ ба «Бонки рушди Тоҷикистон» – 10 млн. сомонӣ; аз 10 млн. ба «Тоҷиксодиротбонк» – 7 млн. сомонӣ; аз 50 млн. ба «Агроинвестбонк» – 25 млн. сомонӣ ва аз 10 млн. ба «Тоҷпромбонк» – 7 млн. сомонӣ маблағ ихтисос дода шуд», – гуфт ӯ.



Ба гуфти Ҷ.Нуралиев, маблағи боқимонда моҳҳои май-июн ва август-сентябр тибқи бандҳои созишнома ва дархости бонкҳо дар мӯҳлатҳои муайян ҷудо карда мешаванд. Муовини вазири молия таъкид сохт, ки бонкҳо бо салоҳдиди худ ва бидуни дахолати мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатӣ маблағи қарзро ба хоҷагиҳое хоҳанд дод, ки минбаъд аз ӯҳдаи пардохти он баромада тавонанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...