Дар Маскав Амирқул Азимовро президенти Русия ба ҳузур мепазирад

Date:



           

Душанбе. 20-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз таҳти раёсати котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев дар шаҳри Маскав ҷаласаи котибони шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай доир гардида, дар он масоили таъмини амният ва густариши ҳамкориҳо дар ин самт мавриди баррасӣ қарор мегиранд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Шӯрои амнияти ҶТ иттилоъ доданд, дар ҷаласаи мазкур Тоҷикистонро котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Амирқул Азимов намояндагӣ мекунад.




           

Бино ба иттилои манбаъ, пас аз анҷоми ҷаласа иштирокдорони онро президенти Русия Дмитрий Медведев ба ҳузур хоҳад пазируфт. «Дар кори ҷаласа ба ҷуз котибони шӯрои амнияти кишварҳои узви иттиҳод, инчунин Дабири кулли СҲШ Б.Нургалиев ва мудири Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии созмон М.Субанов низ иштирок мекунанд», – афзуд манбаъ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...