Алексей Кудрин роҳбари Фонди зиддибӯҳронии ЕврАзЭС таъин гардид

Date:



           

Душанбе. 10-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар дар ҷараёни баргузории ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар шаҳри Маскав нахуствазирони кишварҳои узви иттиҳод бо иштироки нахуствазири Арманистон таъсиси Фонди зиддибӯҳрониро маъқул шумориданд.





           

Тибқи иттилори расонаҳои хабарии Русия, муовини нахуствазири Русия, вазири молияи ин кишвар Алексей Кудрин роҳбари фонд таъин гардидааст.




           

Ба гуфтаи А.Кудрин, фонд соли ҷорӣ ба кор шурӯъ карда, фаъолияти он баҳри таъмини маблағҳои қарзӣ ба кишварҳои узви иттиҳод ва сармоягузории лоиҳаҳои байнидавлатӣ равона хоҳад гардид. Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми сармояи оинномавии фонд ба 10 млрд.


$


баробар аст.




           

Дар ҳамин ҳол, дар шаҳри Маскав нахуствазирони кишварҳои Русия, Белорус ва Қазоқистон оид ба аз 1-уми январи соли 2010 ба фаъолият шурӯъ намудани Иттиҳоди гумрукӣ қарор қабул карданд. Моҳи июли соли 2011 пайдо шудани марзи ягонаи гумрукии се кишвар дар назар аст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...