Душанбе. 13-уми июн – Баъд аз таваққуфи беш аз шонздаҳсола миёни Душанбе ва шаҳри Сочии Русия парвози ҳавопаймо азсар гирифта шудааст.
Баъд аз зуҳри р
ӯ
зи пан
ҷ
шанбе, 11 июн, ҳавопаймои “То
ҷ
икЭйр” ба шаҳри Сочи нахустин парвози худро ан
ҷ
ом дод. Чанд тан аз хабарнигорон ва ҳудуди с
ӣ
тан аз мусофирони дигар, сарнишинони нахустин парвоз дар ин масир буданд.
Дар гузашта, дар солҳои замони шурав
ӣ
, пайдо кардани билит дар масири Душанбе-Сочи дар фасли тобистон амри мушкиле маҳсуб мешуд. Зеро, ҳазорон нафар аз сокинони То
ҷ
икистон барои тафреҳ озими осоишгоҳҳои ин минтақаи наздидарёии Русия мешуданд.
Валерий Шарипов, муъовини аввали раиси ширкати “То
ҷ
икЭйр” дар маросими расмии оғози му
ҷ
аддади парвозҳо дар масири Душанбе-Сочи, зимни эҳдои кодуҳо ба мусофирони нахустини ин парвоз гуфт, ки ҳоло вазъи иқтисодии мардуми То
ҷ
икистон беҳбуд ёфтааст ва ҳамакнун алоқамандони сафар ба ин минтақаи турист
ӣ
, дар соҳили баҳри Сиёҳ низ бештар ҳастанд.
Зимнан, гузориш шудааст, ки ширкатҳои рус
ӣ
аз манотиқи мухталифи То
ҷ
икистон эъзоми гур
ӯ
ҳҳои коргарони то
ҷ
икро ба Сочи роҳандоз
ӣ
мекунанд.
Ҳарчанд, Валерий Шарипов, муъовини аввали раиси ширкати “То
ҷ
икЭйр” изҳор дошт, ки интиқоли муҳо
ҷ
ирони кории то
ҷ
ик дар масири Душанбе-Сочи аз аҳдофи аслии азсаргири парвозҳо дар ин масир нест, вале ба назар мерасад, ки бештарин мусофирон дар ин масирро низ муҳо
ҷ
ирони кор
ӣ
ташкил хоҳанд дод.
Дар ҳамин ҳол, “То
ҷ
икЭйр” тасмим гирифтааст, парвози ҳавопаймоҳои худ дар масири Душанбе шаҳри Иркутски Русияро низ оғоз кунад. Дар ин бора бахши форси хабаргузории ВВС иттилоъ медиҳад.


