Хатмкардагони макотиби олии Осиёи Марказӣ имкони таҳсил дар Донишгоҳи Кембриҷро пайдо карданд

Date:


Хоруғ. 20-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар чаҳорчӯбаи барномаи идрорпулӣ хатмкардагони лаёқатманди макотиби олии минтақаи Осиёи Марказӣ имкони таҳсил дар Донишгоҳи Кембриҷро пайдо карданд.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ иттилоъ доданд, барномаи идрорпулӣ аз ҷониби Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар ҳамдастӣ бо Хазинаи рушди байнулмилалии Донишгоҳи Кембриҷ маблағгузорӣ карда мешавад.



Бино ба иттилои манбаъ, муофиқи барнома, ҳар сол ду нафар донишҷӯ интихоб гардида, онҳо таҳсили худро дар Донишгоҳи Кембриҷ идома медиҳанд.Х атмкардагон аз рӯи ин барнома асоси ҳайати омӯзгориву профессории Донишгоҳи Осиёи Марказиро ташкил хоҳанд дод, зеро барномаи Кмбриҷ қисми барномаи доктории ДОМ оид ба омодасозии ҳайати омӯзгориву профессории оянда аз ҳисоби шаҳрвандони минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Мӯҳлати таҳсил тибқи барнома чаҳор солро дар бар мегирад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...