Эмомалӣ Раҳмон ба зоирини тоҷик пешниҳод кард, ки маблағи сафари ҳаҷро ба оилаҳои камбизоат хайр кунанд

Date:


Душанбе. 30-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири ҳафтаи гузашта зимни мулоқот бо роҳбарони шаҳру навоҳӣ ва мақомоти дахлдори вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба зоирине, ки имсол нияти сафари ҳаҷ доранд, муроҷиат намуда, пешниҳод кард, ки маблағҳои сафари ҳаҷро дар давраи бӯҳрон ба оилаҳои камбизоати осебдида аз офатҳои табиӣ дар соли равон хайр кунанд.




«Ба халқи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони шарафманди вилояти Суғд, хулоса ба ҳамаи онҳое, ки нияти зиёрати хонаи Худоро доранд, муроҷиат карда, онҳоро даъват намоям, ки маблағҳои барои ҳаҷҷи имсола нияткардаи худро бо дарназардошти шароити бӯҳронии замона сарф кунанд ва албатта беҳтар аст, ки маблағи барои ҳаҷ, хусусан ҳаҷҷи дуюмбора ва сеюмбора, сарфшавандаро барои кӯмак ба зарардидагони офатҳои табиӣ, ятимону маъюбон, шахсони мӯҳтоҷу бесаробон, оилаҳои камбизоат, ё барои обод кардани ягон гӯшаи ватан харҷ кунанд», – гуфт сарвари давлат.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...