Меҳмон Бахтӣ бори дигар раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб гардид

Date:



           

Душанбе. 3-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Анҷумани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ИНТ) Нависандаи халқии Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ бори дигар ба вазифаи раиси ин иттифоқ интихоб карда шуд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ИНТ иттилоъ доданд, номзадии Меҳмон Бахтиро ҳамаи 350 нафар аъзои ИНТ дастгирӣ карданд. «Ба вазифаи раисии иттифоқ ҳамчунин се номзади дигар – Гулназар Келдӣ, Ато Ҳамдам ва Гулрухсор Сафиева низ пешниҳод шуда буданд», – гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар анҷуман ҳамчунин дурнамои нақшаҳои фаъолияти ИНТ дар давоми панҷ соли оянда низ муайян карда шуданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related