Намояндагони мардумӣ аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба мулоқот бо сокинони водии Зарафшон, Рашт ва ВМКБ омодагӣ мегиранд

Date:



           

Душанбе. 3-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар давраи таътили тобистонаи парлумонӣ намояндагони мардумӣ аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо интихобкунандагони худ дар водии Зарафшон, Рашт ва ВМКБ вохӯриҳо доир месозанд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲКТ, намояндаи мардумӣ дар парлумони ҷумҳурӣ Шодӣ Шабдолов иттилоъ дод, «мардум ба намояндагони мардумӣ дар парлумон суолоти зиёде доранд». «Ин суолот ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рафъи оқибатҳои бӯҳрони молӣ, мушкилоти мавҷудаи муҳоҷирати меҳнатӣ, татбиқи қонунҳои қабулкарда дар маҳалҳо ва ғайра дахл доранд», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи Ш.Шабдолов, «шахсан ӯ аз фаъолияти палатаи поёнии парлумони кишвар дар соли гузашта қаноатманд нест». «Ман омодаам, бо мардум вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мавҷудаи кишварро баррасӣ намоям», – афзуд ӯ.




 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...