Пас аз муноқиша бо ҳамсар сокини шаҳри Душанбе бо духтарчаи 1-солааш аз ошёнаи шашум худро ба замин ҳавола кард

Date:



           

Душанбе. 3-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ ду ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шуд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКД ҶТ иттилоъ доданд, сокини 40-солаи шаҳри Душанбе Қамчибек Боронбеков дар ҳолати мастӣ пас аз муноқиша бо ҳамсар бо духтари 1-солааш аз ошёнаи 6-ум худро ба замин ҳавола карда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид ва духтарча бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона мунтақил шуд.




           

Бино ба иттилои манбаъ ҳодисаи дигари худкушӣ дар ноҳияи Роштқалъа ба қайд гирифта шуда, сокини 49-солаи ин ноҳия – корманди шӯъбаи «Амонатбонк Оқимшо Шогунов бо сабабҳои номаълум худро ба рӯдхонаи Шохдара афкандааст. «Худи ҳамон рӯз ҷасади ӯ пайдо гардида, ба хешовандонаш супурда шуд», – афзуд манбаъ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...