Бар асари таркиши мина дар марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон боз як шаҳрванди кишвар ба ҳалокат расид

Date:



           

Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бар асари таркиши мина дар марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон боз як шаҳрванди кишвар ба ҳалокат расид.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳодиса шоми рӯзи 2-юми июл дар наздикии кӯҳи Муллосойи ҷамоати Фароби ноҳияи Панҷакент рух додааст.




           

Бино ба иттилои манбаъ, сокини маҳаллӣ – Мӯҳсин Мирзоеви 33-сола ҳангоми чаронидани чорво ба мина бархӯрда, аз таркиши он ба ҳалокат мерасад.




           

Қобили зикр аст, ки дар қаламрави Тоҷикистон минаҳо солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар шарқи кишвар ва дар марз бо Ӯзбекистон гузошта шуда буданд. Ҷониби Ӯзбекистон мингузориро дар сарҳад ҳамчун пешгирии воридшавии ҷанговарони тоҷик ба қаламрави кишвараш маънидод карда буд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...