Дар Тоҷикистон арзиши гази воридотӣ аз Ӯзбакистон афзуда шуд



           

Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шурӯъ аз 1-уми июли соли ҷорӣ дар Тоҷикистон арзиши гази воридотӣ аз Ӯзбакистон барои ҳама гуна истифодабарандагон ба андозаи 14,8 дарсад зиёд карда шуд.





 


          

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Душанбегаз» иттилоъ доданд, ин иқдом бинобар боло рафтани қурби доллари ИМА пеш гирифта шуд. «Аз ин ба баъд арзиши истифодаи газ барои аҳолӣ зиёда аз 1 ҳазору 330 сомонӣ барои ҳазор метри мукааб муқаррар шуд ва агар ояндаи наздик қурби доллари ИМА поин равад, арзиши газ низ ба самти коҳиш таҷдиди назар мешавад», – гуфт манбаъ.




           

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти манбаъ, айни замон ба Тоҷикистон тақрибан 20-21 ҳазор метри мукааб газ аз кишвари ҳамсоя интиқол дода мешавад. «Ҳаҷми қарзи Тоҷикистон аз истифодаи газ ҳудуди 14 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад», – афзуд манбаъ.


spot_imgspot_img

Популярное