Ҳангоми задухӯрди мусаллаҳона дар ноҳияи Тавилдара се ҷинояткор, аз ҷумла, шахси мулаққаб ба «Кӯри Малиш» низ ба ҳалокат расиданд



           

Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷузъиёти нави ҳодисаи ҳамлаи мусаллаҳона рӯзи 8-уми июл ба посгоҳи милисаи воқеъ дар мавзеи Сафедхоки ноҳияи Тавилдара маълум шуд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи мӯътамад аз мақомоти қудратии ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ҳангоми тирпарронӣ аз ду ҷониб се нафар ҳамлакунандагон, аз ҷумла, ду нафар сокинони ноҳияи Рашт – бародари Неъмат Азизов ва шахсе мулаққаб ба «Кӯри малиш» ба ҳалокат расидаанд. Дар бораи шахсияти нафари саввуми фавтида чизе маълум нест. Миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як нафар ҷароҳат бардоштааст. «Тибқи маълумоти ба мо расида, гурӯҳи ҷинояткорон ба яке аз дараҳо паноҳ бурда, ин мавзеъ таҳти назорати шадиди мақомоти қудратии ҷумҳурӣ қарор дорад», – гуфт манбаъ.



Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар минтақаи шарқи кишвар шомгоҳон якчанд шахсони мусаллаҳ тавассути посгоҳи «Сафедхок», ки дар наздикии пули болои рӯдхонаи Сурхоб воқеъ аст, кӯшиши ба маркази ноҳияи Тавилдара ворид шуданро карданд.




 

Ба қавли сокинони маҳаллӣ, дар наздикии посгоҳ ҳатто садои тирпарронӣ шунида шудааст. Афроди номаълум дар панҷ автомашина мехостанд посгоҳро убур созанд, вале ба муқобилияти мусаллаҳона з ҷониби кормандони милиса дучор гардиданд. Якчанд нафар аз ин гурӯҳ захмӣ шуда, пас аз тирпарронии дуҷонибаи шадид ба онҳо муяссар шуд, ки худро паноҳ гиранд.



Дар ҳамин ҳол, муовини вазири умури дохилии ҶТ Фарҳодбек Шодмонбеков дар мусоҳиба ба хабаргузории


CA





News


гуфтааст, дар қаламрави ноҳияи Тавилдара амалиёти боздошти гумонбаршудагон ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир баргузор шуда истодааст ва зимни боздошти ин афрод миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷинояткорон задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ айвастааст. Шодмонбеков далели ҳуҷум ба посгоҳи Сафедхокро рад сохта, иброз дошт, ки тирпарронӣ ба боздошти ашхоси гумонбар ба қочоқи маводи мухаддир рух додааст.


spot_imgspot_img

Популярное